Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамаи 152 мусофири ҳавопаймои Покистон кушта шудаанд


Мақомоти Покистон мегӯянд, дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои мусофирбари ин кишвар ҳамаи 152 нафар сарнишини ҳавопаймо кушта шудаанд. Қаблан хабар дода мешуд, ки 5 нафар бозмондагони ин ҳодисаро пайдо кардаанд, вале ин хабар нодуруст будааст. Зубайдулло Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Покистон ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳавопаймо шаҳрвандони Тоҷикистон набудаанд:

"Ҳатто аз сафорат ҷои ҳодиса дида мешавад. Мақомоти расмии Покистон мегӯянд аз шаҳрвандони Тоҷикистон касе дар ин ҳавопаймо набудааст".

Ин Аэробуси 320, ки ба ширкати хусусии Air Blue тааллуқ дошт, аз Карочӣ ба Исломобод парвоз мекард ва ҳодиса дар 2 километрии Исломобод рух дод. Сухангӯи ширкат гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд ҳавои бад сабаби суқуқти ҳавопаймо шудааст.
XS
SM
MD
LG