Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дубораи донишҷӯёни дар додгоҳ


Додгоҳи вилояти Суғд баъд аз бозбинии аризаи кассатсионии раҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) дар Хуҷанд қарори додгоҳи Хуҷандро дар бораи поин бурдани ҳақққи таҳсил бар нафъи донишҷӯён бетағйир гузошт.

Ибтидои соли равон гурӯҳе аз донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ба додгоҳи Хуҷанд аз беасос боло бурдани ҳаққи таҳсил аз ҷониби раҳбари ин донишгоҳ арз карда, моҳи май баъди бозбинии семоҳа пирӯз гашта буданд.

Додгоҳ қарор карда буд ҳаққи таҳсил барои донишҷӯёни соли аввал аз 900 то 700 доллар ва барои солҳои дигар аз 800 ва 700 сад долларӣ кам карда шавад.

Аммо бо гузашти се моҳ аз қарори додгоҳ раҳбарияти Донишгоҳи мазкур ҳаққи таҳсили донишҷӯёнро поин набурдаанд ва мегӯянд, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд ва ин навбат низ ба зинаи болоӣ шикоят хоҳанд бурд.

Афзоиши ғайриқонунии нархи таҳсил

Додгоҳи вилояти Суғд мегӯяд, раҳбарияти ДДҲБСТ бе огоҳии қаблии донишҷӯён, яъне ба таври ғайриқонунӣ ҳарсола ҳаққи таҳсилро ба андозаи 100 доллари амрикоӣ боло бурдааст. Дар соли таҳсили 2009–2010 арзиши таҳсили яксола барои донишҷӯёни соли аввали ин донишгоҳ 900 ва барои солҳои болоӣ 700 – 800 доллар муайян шуда буд.

Фарҳод Зиёдуллоев, додраси додгоҳи вилояти Суғд дар анҷоми бозбинии дуюми ин қазиа эълон кард, ки қарори додгоҳи шаҳри Хуҷандро бетағйир мегузорад ва раҳбарияти донишгоҳи мазкурро вазифадор аст ҳаққи таҳсилро барои донишҷӯёни соли аввал ба андозаи 200 доллар, барои солҳои болоӣ 100 доллар поин бубаранд.

Дар сурати бетағйир мондани қарори додгоҳ маъмурияти донишгоҳи мазкур муваззаф мегардад маблағи зиёдии ҳаққи таҳсилро ба донишҷӯён бозгардонад.

Истиқболи донишҷӯён аз қарори додгоҳ

Усмон Сиддиқ – донишҷӯи соли чоруми бахши ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ баъд аз эълони қарори додгоҳ ба дафтари Радиои Озодӣ дар Хуҷанд занг зада гуфт, ки додгоҳ мутобиқи қонун қарори одилона содир кард ва донишҷӯён онро хуш қабул кардаанд.

Ба гуфтаи Усмон Сиддиқ, пардохти 900 доллари амрикоӣ маблағ барои як соли таҳсил барои як ҷавони донишҷӯи оддии тоҷик гарон мебошад. Чунки бисёр хонаводаҳои тоҷик дар фақру нодорӣ ба сар мебаранд, мардону ҷавонон дар русияву кишварҳои дигар бо мардикорӣ рӯзӣ меёбанд ва барои онҳо зери ҳазор доллар пайдо кардани маблағ барои таҳсил душвор аст.

Бо ин вуҷуд раҳбарияти ДДҲБСТ фикри поин бурдани арзиши таҳсилро надоранд. Гадойбой Аҳмадов - ҳуқуқшиноси ин донишгоҳ ба Озодӣ гуфт, ки аз қарори додгоҳи вилоятӣ розӣ нестанд, чунки баланд кардани ҳаққи таҳсил бо ризояти миёни донишҷӯ ва раҳбарият сурат гирифтааст:

«Норизоии мо аз он ки донишҷӯёни соли аввал пеш аз имтиҳонҳои қабул бо шартнома ва арзиши таҳсил ошно ва розӣ шуда, имзо гузошта буданд. Аммо додгоҳ инро ба эътибор нагирифт.»

Донишҷӯ: Муборизаро идома хоҳем дод

Ҳуқуқшинос Гадойбой Аҳмадов афзуд, ин навбат низ аз қарори додгоҳи вилоятӣ ба зинаи болоӣ - шуъбаи назоратии додгоҳи мазкур шикоят хоҳанд бурд ва муборизаро барои паст накардани ҳаққи таҳсил бо донишҷӯёни худ идома хоҳанд дод.

Ин барои бори аввал аст, ки донишҷӯёни Хуҷанд аз гаронии ҳаққи таҳсил ба додгоҳ шикоят бурда, дубора пирӯз омаданд.

Зимнан Усмон Сиддиқ, донишҷӯи соли чоруми бахши ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ, ки дар додгоҳ чун даъвогари аслӣ аз ҷониби донишҷӯён иштирок мекард, ба гуфтаи худаш, соҳиби дипломҳои муаллими ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи олии авиатсионии Русия мебошад.
XS
SM
MD
LG