Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марадона аз раҳбарии тими Аргентина канор рафт


Диего Марадона, аз маъруфтарин ситораҳои футболи асри 20, аз мақоми мураббии тими миллии Аргентина канор рафт. Иттиҳодияи футболи ин кишвар гуфт, қарордодаш бо Марадонаро тамдид намекунад. Бо ҳамин 21 моҳи раҳбарии Марадона бар тими Аргентина, ки ҳамчун идомаи ҳамон таърихи тӯлонии гуфтору рафтори зиддунақизи ӯ талаққӣ мешуд, ба поён омад. Иттиҳодияи футболи Аргентина ба ӯ пешниҳод карда буд, ки қарордодашро то 4 соли дигар, яъне то Ҷоми ҷаҳонии оянда дар Бразилия тамдид кунад. Вале Марадона гуфт, танҳо дар сурати ҳифзи кулли ёваронаш дар ин мақом боқӣ хоҳад монд.
Вале раиси Иттиҳодияи футбол Хулио Грондона мехост, ки Марадона бисёре аз ёваронашро канор андозад.
Тими Аргентина дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии имсола дар Африқои ҷанубӣ аз тими Олмон бо ҳисоби бузурги 0 бар 4 шикаст хӯрд ва тарки ин мусобиқот кард.
XS
SM
MD
LG