Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирри муваффақият


Дар як осорхонае муҷассамаи мармарин маҳфуз будааст ва қариб ҳар рӯз ба тамошои он одамони зиёд меомадаанду аз зебоии он ангушти ҳайрат мегазидаанд.

Як рӯз санги фарше, ки дар рӯйи он миз ва муҷассама гузошта шуда буд, ба ҳайкалчаи болои сари худ муроҷиат карда гуфт:

«Ин чи беадолатӣ аст? Тамоми тамошобинон ба рӯйи ман қадам зада, ба назди ту мераванд. Ҳамаи вазнинии онҳоро ман эҳсос мекунам. Аммо ҳама танҳо туро таърифу тавсиф мекунанд ва ман аз назарҳо дур мондаам» .

Муҷассама посух медиҳад: «Ёд дорӣ? Вақте ки ҳардуи моро ҳунарманд ба коргоҳаш бурд ва хост аз мо муҷассама созад, ту дардҳои теғ ва тешаву табари ӯро таҳаммул накардиву худро пора-пора сохтӣ ва туро аз коргоҳ берун карданд. Аммо ман то ба касб кардани ин сурати зебо ҳамаи азобҳоро таҳаммул кардам ва ба ин мартаба расидам. Ҳамин аст фарқи ману ту. Яъне ман то расидан ба мақсад азоби зиёд кашидам, аммо ту якбора зиндагии осонро ҷустуҷӯ кардӣ ва агар як муддат ҳам ором зиста бошӣ, акнун тамоми умр дар азобу шиканҷаӣ».

Ин қиссаро ман дар як нишасте, шунидам ва маро ба андеша водор кард. Дар ҳақиқат агар шахс хоқад, ки зиндагии хуб дошта бошад бояд, то ҳадди имкон кӯшиш кунад ва то ба мақсад расидан танҳо ба пеш ҳаракат кунад.

Зиндагӣ дар назари ман ба қуллаи кӯҳи сангине монанд шуд, ки инсон бо панҷаҳои худ ба боло ҳаракат мекунад ва новобаста ба хуншор гаштани ангуштонаш аз раъйи худ набояд гардад. Албатта таҳаммул кардани ин ҳама азобҳо сахт аст... Аммо барои хушбахт будан ва ба орзуҳо расидан чорае ҷуз ба пеш ҳаракат кардан нест...
XS
SM
MD
LG