Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белград дар мавриди Косово ақиб нишастанӣ нест


Парлумони Сербистон аз иқдоми давлат, ки аз СММ ҷӯёи музокироти нав бар сари Косово шудааст, ҳимоят кард. Дар пайи 12 соати баҳси ҳукми додгоҳи СММ дар мавриди эълони истиқлолияти Косово, иҷлоси изтирории парлумони Сербистон бо 192 раъйи мувофиқ ва ҳамагӣ 26 раъйи мухолиф аз ин гоми давлат пуштибонӣ кард. Додгоҳи байналмилалии адолат дар ҳафтаи гузашта ба чунин натиҷа расид, ки эълони якҷонибаи истиқлолияти Косово дар соли 2008 қонунҳои байналмилалиро поймол накардааст. Белград аммо мегӯяд, баҳси масъаларо ба минбари Маҷмаъи умумии СММ хоҳад кашонд.
То ҳол 69 кишвар, бо шумули Амрико ва 22 кишвар аз 27 кишвари узви ИА, Косоворо ба расмият шинохтаанд.
XS
SM
MD
LG