Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавес мехоҳад ба Абхозистон сафар кунад


Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес гуфт, “дар ояндаи наздик” ба Абхозистонкиштиҳо фиристода, худаш ҳам ба зудӣ аз Сухумӣ, пойтахти ин минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон боздид хоҳад кард. Чавес ин ҳарфҳоро дар паҳлуи раҳбари Абхозистон Сергей Багапш, дар анҷоми боздиди ӯ аз Каракас изҳор дошт. Венесуэла дар баробари Русияву Никарагуа ва Науру аз ҷумлаи 4 кишварест, ки Абхозистону Осетияи ҷанубиро ҳамчун кишвари мустақил ба расмият шинохтаанд. Ин ду минтақа соли 2008 дар пайи ҷанги кӯтоҳи Русияву Гурҷистон истиқлолияти худро эълон карданд.
XS
SM
MD
LG