Бино ба гузоришҳои матбуотии Британия, интизор меравад, ки ба зудӣ Тонӣ Ҳейворд-раиси ширкати БП ё Бритиш Петролиум истеъфои худро эълон кунад. Би Би Си ва рӯзномаи “Sunday Telegraph”-чопи Лондон бо иқтибос аз як манбаи номаълум гуфтаанд, дар рӯзҳои шанбеву якшабе дар бораи сарнавишти баъдии Ҳейворд музокироти муфассалу тӯлонӣ анҷом гирифтааст. Би Би Си гуфтааст, интизор меравад, ки Ҳейворд дар зарфи 24 соати оянда истеъфои худро ба таври расмӣ эълон кунад, вале “Sunday Telegraph” навиштааст, ки ин истеъфо дар зарфи 48 соати оянда сурат мегирад. Дар давоми се моҳи гузашта аз замони хуруҷи нафт дар чоҳи зериобии халиҷи Мексика ширкати Бритиш Петролиум рӯзҳои хубе надоштааст.