Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси САҲА ба Қирғизистон фиристода мешавад


56 кишвари узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо тасвиби як қарор, ирсоли гурӯҳи машваратии полис ба Қирғизистонро ба тасвиб расонданд. Ин гурӯҳ аз 52 нафар маъмури ғайримусаллаҳи полис иборат буд хоҳад буд.

Ин гурӯҳ дар марҳилаи аввал барои чаҳор моҳ фаъолият хоҳад кард, вале тибқи хабарҳо аз Қирғизистон мақомоти маҳаллии манотиқи ҷанубии Қирғизистон аз ин иқдом зиёд хушҳол нестанд.

Рӯзи 22 июл Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо эълон кард, ки "бидуни таъхир" гурӯҳи мушовирони полисро ба ҷануби Қирғизистон мефиристанд.

Хонум Вирҷиния Колодун, сухангӯи САҲА ба Радиои Озодӣ гуфт, афсарон ба ҳайси мушовир ифои вазифа намуда, дар рафъи ташаннуҷ ба полиси маҳаллӣ кӯмак хоҳад кард.

"Ин афсарони полис мусаллаҳ нахоҳанд буд. Онҳо салоҳияти иҷроия нахоҳанд дошт ва барои мисол касеро ҳабс нахоҳанд кард. Онҳо ба ҷануби Қирғизистолн ба хотири тамрин ва кӯмак ба полиси маҳаллӣ сафар мекунанд".

Ҳамаи 56 узви САҲА аз ирсоли афсарони полис ба Қирғизистон пуштибонӣ кардаанд ва акнун кишварҳо барои интихоби номзадҳои беҳтарин руйхати афсаронашонро пешниҳод мекунанд.

Аз эҳтмиол дур нест, ки ирсоли афсарон ҳафтаи оянда оғоз ёбад ва онҳо то моҳи декабр дар он ҷо мустақар бошанд. Сипас САҲА бо арзёбии вазъият идома дода, ҳузузи онҳоро баҳс мекунад.

"Аксари мардум ба ҳузури полиси САҲА мухолиф аст"

Мелис Мирзоаҳмадов, раиси шаҳри Ӯши Қирғизистон сӯйистифодаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар паи хушунатҳои
Мелис Мирзоаҳмадов, раиси шаҳри Ӯши Қирғизистон
байниқавмии моҳи июнро қабул надорад.

Ба гуфти ин мансабдори қирғиз, аксари аҳоkии ҷануби Қирғизистон ба ҳузури полиси байналмилалӣ дар ин минтақа мухолиф аст.

"Полиси Созмони амният ва Ҳамкории Аврупо ҷаҳонбинӣ, расму анъанаҳои моро дарк намекунад. Аз он ҷое, ки шаҳрвандонамон ба ҳузури полиси байналмилалӣ мухолиф ҳастанд, ман ба фикри онҳо мувофиқам".

Назари Мирзоаҳмадов баъди изҳороти комиссари олии ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пилай ба табъ расид.

Рӯзи сешанбеи 20 июл хонум иброз дошт, ки хадамоти амниятии Қирғизистон масъули поймолшавии ҳуқуқ дар ҷануби Қирғизистон аз ҷумла ҳабси худсарона, шиканҷа ва муомилаи бераҳмона бо узбакҳо ҳастанд, ки ба ваҷҳи умум пас аз хушунатҳои моҳи июн ба қайд гирифта шудааст.

Хушунатҳои моҳи гузашта дар виляотҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон ҳаёти камаш 309 нафарро аз байн бурда, камаш 400 ҳазор каси дигарро ба тарки манотиқи доимии зисташон маҷбур кардааст.

16 июл дар нишасти ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви САҲА дар Алматои Қазоқистон раҳбари давраи гузариши Қирғизистон Роза Отунбоева пешниҳоди ирсоли полиси кишварҳои узви ин созмон ба Қирғизистонро дастгирӣ намуд.

"Аҳолии узбактабор аз полис истиқбол мекунад"

Дар ҳоле, ки раиси шаҳри Ӯш ба ҳузури чунин нерӯ мухолиф аст, узбактаборони ҷануби Қирғизистон аз ин тасмими САҲА хушҳоланд.
Дар тӯли чил рӯзи нооромиҳо узбакҳои зиёде аз хонаву дарашон маҳрум шуданд. Сониян, дар ҷараёни амалиёти поксозии нерӯҳои амниятии Қирғизистон шумори зиёди ҷавонони узбак боздошт ва сипас беному нишон гаштанд.

Субҳи 21 июл пас аз як амалиёти поксозӣ дар маҳаллаи Шарқи Ӯш ҷавони узбак, ки худро Илёс муаррифӣ намуд ба шореҳи Радиои Озодӣ Брюс Панниер гуфт, тахминан сад афсари мусаллаҳи полис ҳамроҳ бо сагҳояшон минтақаро кофтукоб намуданд. Илёс афзуд6 ки рӯзи пеш афсарони амниятӣ панҷ сокини ин деҳаро боздошт намуданд. Ӯ илова кард, ки ин ҷавонон дар ҳеҷ нооромие нақш надоштанд.

Зимнан комиссари олии ҳуқуқи башари СММ ва созмони Ҳуман Райтс Воч, ки аз ҳомиёним атруфи ҳуқук ба шумор меравад, мегӯянд:

"Боздошти шумори бузурги мардум ва асосан ҷавонони узбак шаҳодати на танҳо пуштибонӣ аз як тараф, балки поймолкунии қонун ҳам Қирғизистон ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ ҳисоб мешавад".

Вале дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як идда афсарону сарбозони қирғиз таъкид карданд, ки аз вуруди нерӯи хориҷӣ барои таҳкими назму суботи ҷануби Қирғизистон пуштибонӣ намекунанд.
XS
SM
MD
LG