Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар даргириҳои Яман 22 нафар кушта шудаанд


Бино ба хабарҳои матбуотӣ, дар давоми ду рӯзи даргириҳои миёни шӯришиёни шиа ва қабилаҳои ҷонибдори давлат дар Яман 22 нафар кушта, беш аз 50 нафари дигар захмӣ шудаанд. Расонаҳои хабарии ғарбӣ аз қавли манобеи хабарӣ дар қабилаҳо иттилоъ додаанд, ки ин даргирҳо дар манотиқи кӯҳистонии вилояти шимолии Саада ва марз бо Арабистони Саудӣ рух додааст. Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳои расмии Яман мегӯянд, ки дар ин даргириҳо раҳбари яке аз қабилаҳои ҷонибдори давлат кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG