Пулиси Русия мегӯяд, дар як ҳаммлаи ба эҳимоли зиёд террористӣ ба ниругоҳи барқи обӣ дар минтақаи Қафқози Шимолӣ 2 нафар кушта шудаанд. Ин ҳамла ба ниругоҳе дар рӯдхонаи Баскан дар ҷумҳурии Қабардину Балқар анҷом гирифтааст. Валерий Шогенов-раиси ниругоҳи Баксан ба хабаргузории ойтерз гуфт:
"Тавлиди барқ дар ниругоҳ комилан қатъ шудааст. Тақрибан агрегати якум ва дуввум дар оташт сӯхтааст. Оташ тақрибан фурӯкаш шудааст".
Адлан Какакуев-сухангӯи пулиси ин ҷумҳурӣ гуфт, панҷ нафар савори ду мошин ба ниругоҳ ҳамла бурдаанд ва дар ин ҳамла ду посбони ниругоҳ кушта, дастикам, ду коргари дигар захмӣ шудаанд. Сипас ҳамлакунандагон дар бахшҳои мухталифи ниругоҳ чанд бамро мунфаҷир сохтаанд. Баъд аз ин кор онҳо фирор кардаанд. Игор Сечин-муовини нахуствазири Русия гуфтааст, ҳамаи ниругоҳҳо дар Қафқоқи Шимолӣ дастур гирифтаанд, ки амнияти худро тақвият диҳанд.