Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин - масрафкунандаи бузургтарини энержӣ?


Ожонси байналмилалии энержӣ мегӯяд, ки Чин Амрикоро аз мақоми бузургтарин масрафкунандаи энержии дунё танг кардааст. Ин созмони мақараш дар Порис мегӯяд, Чин соли гузашта 2 миллиарду 260 миллион тонна нафт истифода бурдааст, ки назар ба Амрико 100 миллион тонна бештар аст.
Аммо идораи энержии Чин ин омори Ожонси байналмилалии энержиро ба чолиш кашида, бар пояи маълумоти Дафтари миллии омори Чин гуфтааст, ки ин кишвар соли гузашта 2 миллиарду 130 миллион тонна нафт масраф кардааст, ки назар ба омори Ожонс хеле камтар аст.
Мавзӯъи масрафи энержӣ барои Чин ҳассос аст, чунки Пекин иттиҳомот дар мавриди мусоидат ба хези нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзудан ба олудагии сайёра ва хуруҷи газҳои гулхонаиро бо ҳассосият қабул мекунад.
XS
SM
MD
LG