Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 ҷангӣ дар Хайбар-Пахтунхва


Мақомоти низомии Покистон мегӯянд, зимни ҷилавгирӣ аз як талоши таркондани тамрингоҳи артиш дар вилояти Хайбар-Пахтунхва 5 чирикӣ кушта шуданд. Сухангӯи артиш Атҳар Аббос гуфт, 3 ҷангии камарбандҳои амниятӣ дар тан кӯшиш карданд вориди тамрингоҳи қисми низомии Панҷоб дар ноҳияи Мардон, воқеъ дар шимолуғарби Покистон шаванд, вале ҳарсе маргталаб ҳанӯз ба маҳалли ҳадаф норасида, худро мунфаҷир карданд. Ду ҷангии дигари дахил дар ин ҳамларо сарбозони артиш ба ҳалокат расондаанд. Мардон, воқеъ дар 63-километрии шимоли Пешовар, маркази устони Хайбар-Пахтунхва, мақари таъсисоти зиёди низомӣ буда, аз ин лиҳоз аз аҳамияти вижаи стротеживу низомӣ бархӯрдор аст.
XS
SM
MD
LG