Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

33 қурбонии мавсими имсолаи оббозӣ дар Тоҷикистон


Аз аввали мавсими оббозӣ дар ҳавзу кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 33 нафар ғарқ шудаанд. Ҳабибуллоҳ Латифов, раҳбари кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон гуфт, ҳар рӯз ба ҳангоми оббозӣ дар ин кишвар 1-2 нафар мемиранд ва бо назардошти он ки то поёни мавсими оббозӣ ҳанӯз 2 моҳи дигар боқӣ мондааст, ӯ бим дорад, ки шумори ғарқшудагон метавонад боз ҳам бештар бишавад. Оқои Латифов тақвияти барномаҳои маърифатиро як василаи муассир барои коҳиш додани мизони ҳалокати афрод дар кӯлу дарёҳо номид ва гуфт, маҳз бо шарофати чунин барномаҳо имсол шумори ғарқшудагон дар кӯлу дарёҳои вилояти Суғд ҳамагӣ 9 нафар будааст, ки назар ба 15 нафари соли гузашта камтар аст.
XS
SM
MD
LG