Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс бо Клинтон дар Сеул вомехӯранд


Вазири дифои Амрико, Роберт Гейтс, ба нишонаи ҳимоят аз ҳампаймони наздики Амрико вориди Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ шуд. Ин боздид дар ҳоле анҷом мегирад, ки муносибатҳои миёни Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ баъд аз ғарқ шудани киштии низомии Кореяи Ҷанубӣ мутташанниҷ шудааст ва Кореяи Ҷанубӣ дар ин кор Кореяи Шимолиро муттаҳам медонад. Пхенян ин иттиҳомотро шадидан рад мекунад. Дертар вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон низ ба Сеул меояд, то роҳҳои пешгирӣ аз такрори ҳамла ба киштиҳои Сеул баррасӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG