Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия қонуни зиддунақизи амниятӣ ба тасвиб расид


Маҷлиси болоии порламони Русия ё Шӯрои Федеротсиюн аз тарҳи қонуне, ки тавсеаи ихтиёроти Хадамоти Федеролии амнияти Русияро дар назар дорад, ҷонибдорӣ кард. Тарҳи ин қонун қаблан дар маҷлиси поёнӣ ё Думаи Давлатӣ ба тасвиб расида буд. Акун дар ин тарҳ бояд Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳур имзо гузорад. Ин тарҳ ба ибтикори вай таҳия шуда буд. Бар асоси ин қонун, акнун Хадамоти Федеролии Амниятии Русия метавонанд ба одамоне, ки фаъолияташон заминаро барои судури ҷиноёт фароҳам месозад, ҳушдор диҳанд. Шахсоне, ки мехоҳанд дар фаъолияти кормандони ФСБ монеа пеш оранд, ҷарима ва ё 15 рӯз зиндонӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG