Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ним миллиард доллар мадади Амрико ба Покистон


Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико, ки ҳоло машғули диду боздидҳое дар Исломобод, пойтахти Покистон аст, бо вазири умури берунаи Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ идомаи ҳамкориҳои байни ду кишварро баррасӣ кард. Интизор меравад ҳамкориҳо дар заминаҳои обу энержӣ, кишоварзӣ ва беҳдошт дар маркази таваҷҷӯҳи тарафҳо қарор гирифта, як кӯмаки Иёлоти Муттаҳида ба Покистон дар ҳаҷми 500 миллион доллар тақдим хоҳад гашт. Дар арафаи сафараш Клинтон гуфт, Вошингтон интизори қадамҳои иловагии Исломобод дар мубориза бо терроризм аст.
XS
SM
MD
LG