Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кетрин Эштон аз Навори Ғаза дидан мекунад


Қарор аст, имрӯз Кетрин Эштон, кумиссионери умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз Навори Ғазза боздид кунад. Ӯ як ӯрдугоҳи тобистона ва мактаберо тафтиш мекунад, ки аз тарафи Созмони Милал идора мешавад ва қарор аст, як миллион еврои дигар аз Иттиҳодияи Аврупо кӯмаки молӣ бигирад. Кетрин Эштон ҳеҷ қасди мулоқот бо намояндагони созмони Ҳамосро надоштааст, ки Навори Ғаззаро таҳти контрол дорад. Дар остонаи боздидаш, Кетрин Эштон аз Исроил хост, муҳосираи Навори Ғаззаро боз ҳам сабуктар кунад. Баъди боздид аз Ғазза намояндаи баландпояи Иттиҳодияи Аврупо барои дидору мулоқот бо раҳбарони Исроил ба Байтулмуқаддас меравад.
XS
SM
MD
LG