Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми президенти Фаронса ба фасодкорӣ


Никола Саркозӣ раисиҷумҳури Фаронса кӯшиш дорад, як ҷанҷоли рӯ ба афзоишро хомӯш кунад. Дар матбуоти ин кишвар матолибе ба нашр расидааст, ки бар пояи он соли 2007-ум Саркозӣ дар маъракаи интихоботиаш аз сармоягузории ғайриқонунӣ бархурдор будааст.

Дар маркази ин ҷанҷол саҳми эҳтимолӣ ба маъракаи интихоботии Саркози сарватмандтарин зани Фаронса Лилиян Бетенкур мебошад, ки он замон барои напардохтани молиёт мавриди таҳқиқи бозрасон қарор дошт.

Соли мураккаб барои Саркозӣ


Рӯзноманигорони Фаронса тобистони имсоларо барои президент Никола Саркозӣ ҷаҳаннам хондаанд. Саркозӣ, ки соли 2007 ба мақоми раёсатҷумҳурӣ ҳамчун як ситора ворид гашта, баъд аз издивоҷаш ба собиқ супермодели мӯд ва овозхон Карла Бруни боз ҳам машҳуртар гашт, ҳоло бо як навъ ҷанҷоле рӯбарӯ шудааст, ки матбуоти кишвар бераҳмона думбол мекунад.

Дар ин ҷанҷол қариб ҳама чиз вуҷуд дорад: омезиши қудрат, пул, фаҳшо, сабтҳои махфи ва иттиҳомоти тақдими пора бо конвертҳои пури пули нақд. Рӯз ба рӯз ҷанҷол ба бузургтарин озмоиши сиёсии Саркозӣ аз замони омаданаш ба сари қудрат табдил мегардад.

Ҷанҷол аз “зани тақдирсоз”-и ин достон оғоз гардид, ки ҳамзамон севумин сармоядортарин зани дунё мебошад. Ин зан Лилиан Бетанкур вориси ширкати бузурги ороишии L'Oreal аст, ки ҳамроҳ бо бахшҳои байналмилалиаш 20 миллиард доллар арзиш дорад. Бетенкури 87-сола маъмулан аз таваҷҷӯҳи матбуот дурӣ меҷуяд, аммо тобистони соли ҷорӣ аксҳои ӯ саҳифаҳои рйзномаву маҷалаҳои Фаронсаро пур кардаанд ва ғолибан ҳамроҳ бо аксҳои худи президент Саркозӣ. Ин ду нафар маъшуқ нестанд. Аммо бино ба ҳисобдори собиқи Бетанкур онҳо робитаҳои молӣ доштанд.

Моҷарои Бетанкур

Иддао мешавад, ки дар чаҳорчӯби ин робитаҳо Бетанкур аз ҷумла барои кумак ба маъракаи интихоботии соли 2007 ба ҳизби сиёсии Саркозӣ “Иттиҳод барои ҷумбиши мардумӣ” 190 000 доллари амрикои пардохт кардааст. Иттиҳомот чунон ҷиддӣ буд, ки Саркозӣ маҷбур шуд аз тариқи телевизион 12 июл онро такзиб кунад:

“Маро ба ҳайси як шахсе тасвир мекунанд, ки гӯё 20 сол гирди хонум Бетанкур чарх зада, конвертҳои пулро бардошта мегаштам, ин иттиҳомоти шармовар аст. Ман ҳайрон нестам, ки ҳадафи чунин иттиҳомот гаштам. Ман барои ин омода будам. Аммо ман мехоҳам бигӯям, ки ин ҷанҷол сарфи беҳудаи вақт аст дар муқоиса бо он чи ки мардум дар ҳақиқат аз ман мунтазиранд. Ва онҳо мунтазиранд, ки кай онҳоро аз ин бӯҳрони молӣ раҳо медиҳем.”

Хонум Клер Тиболт, ҳисобдори Бетанкур, ба полис гуфтааст, ки вай дар ҷамъоварии пули нақд барои маъракаи Саркозӣ кумак расондааст ва ин пул дар конвертҳо ба хазинадори ҳизби Саркозӣ Эрик Воерт супорида шуд.

Саркозӣ ба Воерт, ки ҳамзамон вазири шуғли аҳолии кишвар мебошад, машварат дод аз мақоми хазинадор ба истеъфо равад. 13 июл Воерт ба хабарнигорон гуфт, ин машваратро иҷро мекунад: “Бале, ман ин корро мекунам. Барои иҷрои ин кор ман бояд тақвимро аз назар гузаронам.”

Шахсияти Воерт дар ин ҷанҷол бисёр баҳсбарангез аст, чун ки ҳамсараш мушовири калидии иқтисодии хонум Бетанкур буд ва дар айни он замон ин зани миллиардерро дар пинҳон кардани қисми даромадаш дар бонки Швейтсария муттаҳам мекарданд.
Саркозӣ ҷанҷолро такзиб карда гуфтааст, ки он ангезаи сиёсӣ дорад, чун ки ҳисобдор нахуст иттиҳомоташро дар сомонаи интернетии чапгаро Медиапарт ба нашр расонд.

Баҳс бо мухолифон

Президент ба вижа мухолифон аз ҳизби сотсиалистиро дар кушиши халолдоршавӣ ба талошҳои ҳукуматаш барои боло бурдани синни нафақахурон ба ду сол муттаҳам намуд. Ҳукумат тарҳи қонуни навро дар ин бора 13 июл ба тасвиб расонда акнун бояд онро ба парлумон ироа кунад.

Аммо ба назар мерасад, ки ҷанҷоли Бетанкурро хомуш карда намешавад ва он ба номзадии эҳтимолии Саркозӣ ба даври дуввуми раёсатҷумҳурӣ дар соли 2012 таҳдиди асли эҷод хоҳад кард. Полиси кишвар дар ҷустуҷӯи мадракҳои бештар марбут ба ин парванда манзилҳои мушовирони Бетанкурро мавриди кофтуков қарор додааст.

Ҳуҷҷатҳои нав ба нав ифшо мегардад ва матбуот онро ба нашр расонда ширкаткунандагони ҷанҷол гунаҳкорон ва бегуноҳонро дар рангҳои номатлуб тасвир мекунад. Дар робита ба парвандаи Бетанкур се таҳқиқи ҷудогона ҷараён дорад. Яке марбут ба ҷанҷоли пардохти пули нахт ба маъракаи интихоботии Саркозӣ. Илова бар ин иддао мешавад, ки оилаи Бетанкур қаблан ҳам он замоне ки Саркозӣ шаҳрдори шаҳри Нейли буд ба вай пул медод.

Таҳқиқи дуввум дар бораи саркашии Бетанкур аз пардохти молиёт. Ва таҳқиқи севум ин то чи андоза дуруст аст, ки дӯстони наздик ва мушовирони Бетанкур аз роҳи фиреб аз ӯ миллионҳо долларро дуздидаанд.

Иқдомҳои бенатиҷаи Саркозӣ

Кӯшиши Саркозӣ барои болобурдани синни бознишастагон ҳамчун бахши талошҳояш барои муқобила бо бӯҳрони саросарӣ миёни мардуми кишвар маҳбубият касб накард. Илова бар ин дар натиҷаи ҷанҷоли Бетанкур сатҳи маҳбубуияти Саркозӣ ва ҳизбаш миёни аҳолии Фаронса поин рафт.

Марк Перелман дабири бахши сиёсии шабакаи Франс 24 гуфт, ки бидуни шубҳа ҷанҷол ба ояндаи сиёсии Саркозӣ осеб мерасонад аммо ҳеҷ кас набояд қобилиятҳои Саркозиро ночиз пиндорад ва ӯ метавонад ин ҷанҷолро пушти сар намуда дар интихоботи соли 2012 пируз шавад.

Ин дар ҳолест, ки бино ба назарсанҷии ҳафтаи охир дар интихоботи соли 2012 эҳтимолан пешвои ҳизби сотсиалистӣ Мартин Обрӣ Саркозиро мағлуб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG