Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор сарбози НАТО дар Афғонистон


Бар асари бомбгузориҳо дар Афғонистон чаҳор сарбози НАТО кушта шудаанд. Мақомоти Паймони низомии Атлантики Шимолӣ гуфтанд, бар асари инфиҷори бомбҳои канори роҳ як сарбози амрикоӣ дар шарқи Афғонистон кушта шуд ва як сарбози дигар, ки ҳуввияташ эълом нашудааст, дар ҷануби он кишвар ҷон додааст. Ду сарбози дигари нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон рӯзи ҷумъа бар асари як таркиш ба ҳалокат расидаанд. Аз оғози моҳи июл то кунун дар Афғонистон 52 сарбози хориҷӣ ва аз ин миён 39 амрикоӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG