Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хостааст, то барои ҳалли мушкили ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон аз қаламрави Ӯзбакистон мусоидат кунад. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи ғайрирасмии вазирони умури хориҷаи созмон дар шаҳри Алмаато, Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфт, “мо аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мехоҳем, иқдомоти мушаххас барои ҳалли мушкилоти транзитӣ, иртиботӣ ва нақлиётӣ биандешад ва аз ҷумла иҷрои меъёрҳои байналмилалии транзит аз тарафи кишварҳои узвро назорат кунад.” Тоҷикистон мегӯяд, Ӯзбакистон бо баҳонаҳои мухталиф садҳо қатори пурбори Тоҷикистонро дар қаламраваш нигаҳ медорад, то аз ин роҳ ба Тоҷикистон фишор биёрад. Ӯзбакистон мегӯяд, зарфияти маҳдуди роҳи оҳанаш намегузорад, то қаторҳои Тоҷикистон саривақт ҳаракат кунанд.