Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати сиёҳи Амрико барои Толибон


Маъмурияти Қасри Сафед аз дербоз дар андешаи шомил кардани аксари гурӯҳҳои ситезагари Толибон ба рӯйхати сиёҳ аст.

Иқдоме, ки ба ҳадафи ҳар чӣ бештар зери фишор қарор додани шӯришиёни наздик ба «Ал-Қоида» рӯи даст гирифта шудааст ва амре, ки талошҳои оштихоҳонаи президенти Афғонистон Ҳомид Карзай бо роҳбарони ситезаҷӯи Толиб мустақар дар ҳамсоякишвари Покистонро ба душворӣ рӯбарӯ кардааст.

Дар ҷустуҷӯи Ҳаққонӣ

Ба навиштаи рӯзномаи амрикоии «Ню Йорк таймс», сарфармондеҳи нерӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон генерал Давид Петреус масъалаи ба рӯйхати сиёҳ шомил кардани Ҳаққониро ҳафтаи гузашта бо мақомоти баландпояи давлатӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ҳамзамон Сенатор Карл Левин аз ҳизби демократ рӯзи 13-уми июл аз департаменти давлатӣ тақозо кардааст, ки ҳатто Шӯрои Кувейта -муҳимтарин ниҳоди раҳбарикунандаи Толибон бо роҳбарии Мулло Муҳаммад Умар низ шомили созмонҳои террористӣ гардад.

Сироҷиддин Ҳаққонӣ дар ҳоли ҳозир шабакаи созмондодаи падари ҳуд Ҷалолуддин Ҳаққонӣ - фармондеҳи вақти шӯришиён ва вазири умури сарҳадот дар режими Толибонро раҳбарӣ менамояд. Ин гурӯҳ бо даҳшатафканӣ машҳур гашта, мазнун ба пиёда кардани ваҳшатноктарин амалиётҳо и террористӣ дар пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул шинохта мешавад.

Чунин ба назар мерасад, ки шабакаи Ҳаққонӣ бо Шӯрои Кувейта, ки муташаккил аз боқимондаҳои режими собиқи Толибон бо сарварии Мулло Умар мебошад, робитаи танготанг дорад.

Ҳам Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва ҳам Мулло Умар аз солҳост дар рӯйхати сиёҳи террористони фирорӣ шомил буда, барои риояи маълумот, ки мунҷар ба дастгирии онҳо гардад, ба таври ҷудогона аз 5 то 10 миллион долларӣ ихтисос дода шудааст.

Шубҳа аз натоиҷи «рӯйхати сиёҳ»

Дар ҳоле, ки ИМА бо ҳадафи эҷоди ҳарчи бештари парокандагӣ ва шикоф дар сафҳои ин ду созмони ба ҳам наздик онҳоро нияти ба рӯйхати сиёҳ шомил кардан дорад, шакку гумонҳо дар мавриди натиҷаи дурусте ба бор овардани ин талошҳо рӯ ба афзоиш аст. Ба андешаи коршиноси маҳалии афғон дар Кобул Ваҳид Мужда, интихоби Толибон, хусусан шабакаи Ҳаққонӣ, ба ҳайси созмони террористӣ таъсири андаке бар ҷангиёни он хоҳад дошт то даст аз хушунат бардоранд.

Мужда гуфт: "Ман фикр намекунам, шабакаи Ҳаққонӣ аз Толибон ҷудоӣ ҷуста ба ҳукумат бипайвандад. Аз тарафи дигар ,барои Толибон ба рӯйхати сиёҳ шомил кардан чизи наве нест ва амрикоиҳо аз ин кор натиҷаи мусбат ба даст нахоҳанд овард. Таҳдид ва зургӯӣ бо Сироҷиддин Ҳаққонӣ кор нахоҳад дод ва пайкор идома хоҳад ёфт".

Поёни гуфтугӯи сулҳ

Назари дигар ин аст, ки талошҳо ҷиҳати тавсеаи рӯйхати сиёҳ ҳама кӯшишҳои оштиҷӯёнаи президент Карзай бо Толибонро ба боди фано хоҳад дод.

Ахиран хабаргузориҳои ҷаҳон гузоришҳое аз гуфтушуниди мустақими Карзай ва Сироҷиддин Ҳаққонӣ бо миёнаравии низомиёни Покистон пахш намуда буданд, ки ҳам Исломобод ва ҳам Кобул онро бепоя хондаанд.

Агар ин гузоришҳо воқеият дошта бошад, пас Карзай дар вазъияти душворе қарор хоҳад гирифт. Ин амр ҳамчунин Амрикоро водор хоҳад кард то бар Покистон фишор ворид намояд, ки алайҳи ҷангҷӯён дар Вазиристони Шимолӣ иқдоми ҷиддитар намояд.

Солҳост, ки Покистон ин гурӯҳро ба ҳайси нерӯи захиравӣ барои рӯзи мабодо нигоҳ медорад, то дар ҳолати хуруҷи эҳтимолии ИМА аз Афғонистон ҷиҳати густариши нуфузи худ аз онҳо истифода намояд.

Тахмин зада мешавад, ки ин созмон ба таври густарда дар ноҳияҳои қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон радди пой пайдо кардааст. Ҳамон минтақае, ки паноҳгоҳи амн барои ҷангҷӯёни арабии вафодор ба Ал-Қоида ва гурӯҳҳои тундрави осиёимиёнагӣ низ гардидааст.

Бо ки бояд музокира кард?


Чунин талошҳо дар ҳоле аз сар гирифта мешавад, ки Карзай аз ба таври ошкоро борҳо аз мақомоти ИМА дархост карда буд, то номи афроди хосе аз роҳбарони Толибон аз рӯйхати сиёҳи Созмони Милал ҳазф шавад.

Коршиносии маҳалии афғон Аҳмад Саидӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо чунин талошҳо ИМА мехоҳад, ба таври ошкор шӯришиёни оштипазир аз оштинопазирро мушаххас намуда, бифаҳмад, ки кадом ҷиноҳ ва дар куҷо ва таҳти чӣ шароите омода ба гуфтугӯ аст.

Саидӣ афзуд, ки Вашингтон иттилое аз ҳамкориҳои танготанги шабакаи Ҳаққонӣ ва баъзе гурӯҳҳои вафодор ба Мулло Умар бо Ал-Қоидаро дар даст дорад. Амрикоиҳо ҳаргиз омодаи гуфтушунид бо аносири наздик ба Ал-Қоида нестанд.

Талошҳои оштиҷӯёнаи Карзай бо Шӯрои Кувейта ба таври ғайрирасмӣ аз солҳо пеш оғоз шуда буд. Вале боздошти яке аз роҳбарони аршади Толибон Абдулғанӣ Бародар дар моҳи феврал ба раванди музокирот латма ворид кард. Коршиносон ба ин назаранд, ки талошҳои ахири амрикоиҳо Карзайро водор ба ин сохт то бо мухолифони мусаллаҳи худ бо миёнаравии низомиёни Покистон вориди гуфтугӯ шавад.

Аз тарафи дигар Карзай пас аз бурузи ихтилоф бо Вашингтон дар ҷустуҷӯи ҳампаймонҳои нав дар минтақа ҳаст. Маъмурияти Обама ҷонибдори бозгашти толибони қаторӣ ва ҷангсолорон ба ҳаёти мулкӣ буда, ҳар гуна гуфтугӯ бо роҳбарони табъидии онҳоро рад менамояд.

«Хатти қирмиз»-ӣ ИМА


Шӯришиёни тарафдори Шӯрои Кувейта аз ҳама бештар дар вилоятҳои ҷанубии Қандаҳор ва Ҳилманд фаъол мебошанд. Интизор меравад, ки сипоҳиёни ИМА ва НАТО ба ҳадафи бозгардонидани амният ба минтақа ва пароканда кардани ҷангиён дар Қандаҳор амалиёти густурдаи низомиро пиёда намоянд.

Фиристодаи вижаи Амрико дар умури Покистон ва Афғонистон Ричард Ҳолбрук рӯзи 13 июл ба хабарнигорон гуфт, ки кишвараш кӯмакҳои худро ба ҳукумати Кобул бо ирояи боз 280 миллион доллари дигар идома хоҳад дод.

Ҳолбрук гуфт, ки Вашингтон зери фишор аст то дар мавриди руйхати сиёҳи Шӯрои амнияти Созмони Милал таҷдиди назар намояд аммо ин амр мавриди қабули мо нахоҳад буд. Ҳам президент ва ҳам котиби давлатӣ борҳо ба ин нуқта таъкид кардаанд.

Вай гуфт: «Вашингтон аз талошҳои сулҳҷӯёнаи ҳукумати Кобул пуштибонӣ мекунад. Мо боТолибон тамоси мустақим надорем. Шояд тамосҳои дигари ғайримустақим ва ё дипломатияи пасипардагӣ ва ё ҳам тавассути афроди ҷудогона аз сар гирифта шуда бошад, ки намехоҳанд моро дар ҷараён гузоранд. Ҳамин аст мавқифи мо. Ҳар шахс ва ё гуруҳе, ки силоҳ бар замин бигзорад ва хоҳиши иштирок дар раванди сиёсӣ дошта бошад, мо бидуни тардид омодаи оштӣ ҳастем».

Интизор меравад тарҳи гуфтугӯ бо шӯришиён аз мавзӯъҳои меҳварии нишасти байналмилалии кумакдиҳандагон ба Афғонистон бошад, ки қарор аст рӯзи 20 июл дар Кобул баргузор гардад. Ба гуфтаи мақомоти афғон, ин бузургтарин нишасти сарони кишварҳои хориҷӣ пас аз солҳои ҳафтодум дар Афғонистон мебошад.
XS
SM
MD
LG