Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 29 нафар дар сӯхтори Ироқ


Сӯхтори меҳмонсаро дар шаҳри Сулаймонияи Ироқ сабаби ҳалокати 29 нафар гашт. Зиёда аз 20 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Шоҳидон мегӯянд, сӯхтори меҳмонсарои "Сома" дар маркази шаҳр чандин соат идома кард. Мақомоти расмӣ мегӯянд, бархе аз мусофирони меҳмонсаро шаҳрвандони Бангладеш ва кишварҳои африқоӣ будаанд. Сулаймония дувумин бузургтарин шаҳри Курдистони Ироқ мебошад.
XS
SM
MD
LG