Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамоси нав дар сатҳи олӣ миёни Ҳинду Покистон


Вазирони умури хориҷаи Ҳинду Покистон имрӯз нахустин мулоқоти амалии худ баъди ҳамлаҳои хунини терористии соли 2008 дар шаҳри Мумбайро баргузор карданд. Мулоқоти Кришна, вазири умури хориҷаи Ҳинд бо Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ҳамтои покистонии ӯ дар шаҳри Исломобод, саввумин тамос дар сатҳи олии ду кишвари мусаллаҳ бо бомби атомӣ дар шаш моҳи ахир аст. Мавзӯъҳои мулоқот, ғолибан, нигарониҳои Ҳинд аз терроризм, хушунат дар Кашмири таҳти контроли ин кишвар, рақобатҳо дар Афғонистон ва иттиҳомот дар мавриди даст доштани ҷосусони Покистон дар ҳамлаҳои Мумбай хоҳад буд. Ҳинду Амрико, Лашкари Тайибаро, созмони мустақар дар Покистонро, масъули ҳамлаҳои моҳи ноябри соли 2008 медонанд, ки бар асари он 166 нафар кушта шуд.
XS
SM
MD
LG