Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯши Қирғизистон бемориҳо афзоиш меёбад


Абдуҷалил Муратов-сартабиби бемористони шаҳри Ӯши Қирғизистон мегӯяд, шумораи гирифторони бемориҳои гепатит ё зардпарвин ва исҳоли дарунӣ дар ин шаҳр афзоиш ёфтааст. Муратов гуфт, нооромиҳои 10 то 14-ӯми июн дар минтақа бисёре аз бозорҳои минтақаро хароб кард ва ҳоло аҳолии ин маҳал аз ҳар ҷо, ки муносиб аст, барои худ ва аҳли хонаводаашон маводи хӯрока мехаранд. Чунин хурокаҳо гоҳо сифат ё кайфияти хуб надоранд ва ҳатто ғайрибеҳдоштӣ мебошанд. Ба ақидаи Муратов, шояд чунин шароит сабаби боло рафтани шумораи гирифторони бемориҳои зардпарвин ва исҳоли дарунӣ ё дарунравӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG