Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Бишкек мак Фол нишасти хабарӣ доир мекунад


Қарор аст имрӯз Майкл мак Фол-мушовири Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар умури Русия ва АвруОсиё дар Бишкек бо рӯзноманигорон нишасти хабарӣ баргузор кунад. Ин дуввумин боздиди Мак Фол аз Қирғизистон баъд аз сарнагунии ҳукумати президент Боқиев аст. Дирӯз вай дар Бишкек бо Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури марҳалаи гузори Қирғизистон ва соири мақомоти раҳбарии ин кишвар дидору гуфтугӯ кард. Мак Фол телеграммаи шодбоши Обамаро дар ин бора, ки 27-ӯми июн райпурсӣ муваффақиятомез анҷом гирифтааст, ба Роза Отунбоева тақдим кард. Дар натиҷаи ин райпурсӣ Отунбоева тибқи Қонуни Асосии нав то соли 2011 раиси ҷумҳур интихоб шуд. Отунбоева ва мак Фол бо ҳам интихоботи порламонии моҳи октябр, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва оддӣ шудани вазъ баъд аз нооромиҳои ҷануби кишварро баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG