Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбусони кубагӣ вориди Испания шуданд


Шаш маҳбуси сиёсии кубагӣ баъд аз раҳоӣ аз зиндон ба Испания омаданд. Яке аз онҳо ба хабаргузории Reuters гуфт, ки боз панҷ нафари дигар низ ба зудӣ Ҳаванаро тарк мекунанд. Охири ҳафтаи гузашта вазири умури хориҷии Испания Мигел Анхел Моратинос, баъд аз анҷоми музокирот бо раисиҷумҳури Куба Раул Кастро ва бо миёнҷигарии архиепископи Ҳавана кардинал Ҳайма Ортега, изҳор намуд, ки Куба барои озод кардани 52 маҳбуси сиёсӣ омода аст. Ӯ афзуд, ки ҳама маҳбусони раҳошударо Испания қабул хоҳад кард. Ин маҳбусон аз соли 2003 ба ин сӯ дар маҳбас буданд.
Дар ҳамин ҳол имрӯз дигарандеши кубагӣ Елизардо Санчес, ки дар фурудгоҳи Хосе Мартии Ҳавана маҳбусонро ба Испания гусел мекард, гуфт, "ҳукумати Куба маҳбусонро пинҳонӣ аз кишвар мефиристад. гуё, ки онҳо террорист ё қочоқбари маводи мухадир бошанд".
Бори аввал дар чанд даҳсолаи ахир ҳукумати коммунистии Куба теъдоди бузурги маҳбусони сиёсиро аз зиндон раҳо кардааст.
XS
SM
MD
LG