Дирӯз даҳҳо нафар занон роҳи автомобилрави миёни шаҳрҳои Ӯшу Бишкекро бастанд ва тақозо карданд, ки хешовандони онҳо аз зиндон раҳо шаванд. Онҳо дар робита бо нооромиҳои хунбори моҳи гузашта дар шаҳри Ӯш боздошт шуда буданд. Баъд аз оғози тазоҳуроти эътирозӣ ва бастани роҳ дар наздикии ноҳияи Сузаки Ҷалолобод кормандони пулис билофосила занонро пароканда карданд. Вале онҳо баъдтар бозгаштанд ва роҳро дубора бастанд. То поёни рӯзи душанбе мақомоти интизомӣ талош доштанд занонро дубора пароканда кунанд.