Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар такмили сохтмони Сангтӯда-2


Исфандиёр Раҳим Машоӣ, раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Эрон гуфт, боздошти қаторҳои масолеҳи лозим барои нерӯгоҳи Сангтӯда- 2 дар Ӯзбакистон, замони такмили бунёди нерӯгоҳро ним сол ба таъхир андохтааст. Раҳим Машоӣ, баъди мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, бо вуҷуди ин Эрон саъй хоҳад кард, то нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 то охири имсол мавриди баҳбардорӣ қарор бигирад. Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 бо сармояи Эрон сохта мешавад. Чанде пеш Эрон ба Ӯзбакистон, ки садҳо қатори Тоҷикистонро дар қаламраваш нигаҳ медорад, таҳдид кард, ки дар сурати ҳамчунон нигаҳ доштани қаторҳои эронии озими Тоҷикистон дар қаламраваш бо Ӯзбакистон чунин рафтор хоҳад кард. Аксарияти қаторҳои озими Халиҷи Форс аз Ӯзбакистон аз хоки Эрон убур мекунанд.
XS
SM
MD
LG