Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури ҳабси 39 узви Созмони Муҷоҳидини Халқ дар Ироқ


Додгоҳи Ироқ ба ҳабси 39 нафаре дастур додааст, ки узви Созмони Муҷоҳидини Халқ, ниҳоди чирикии мухолиф ба давлати Эрон мебошанд. Додгоҳ онҳоро дар ҷиноятҳои зиддибашарӣ айбдор кардааст. Додвар Муҳаммад Абдулсоҳиб, сухангӯи Трибуноли олии Ироқ гуфт, фармони ҳабси 39 нафаре имзо шуд, ки дар шӯриши соли 1991 аз Саддом Ҳусейн пуштибонӣ кардаанд. Ироқ дар як саф бо Иёлоти Муттаҳида Созмони Муҷоҳидини Халқро як гурӯҳи террористӣ мешуморад. Бағдод соли гузашта талаб карда буд, 3 500 узви ин ниҳод, ки дар як урдугоҳ дар қаламрави Ироқ ба сар мебаранд, кишварро тарк кунанд. Масъулияти ин урдугоҳ дар аввали соли 2009 аз нерӯҳои Амрико бар дӯши нерӯҳои ироқӣ вогузор шуд.
XS
SM
MD
LG