Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости арабҳову туркманҳои Киркук аз СММ ва ИА


Ироқиҳо дар вилояти баҳсбарангези Киркук аз СММ ва аз Иттиҳодияи Аврупо дархост кардаанд, ки барои ҳимоят аз ҷомеаи арабҳо ва туркманҳои Киркук тадобири фаврӣ андешанд. Холид ал- Мафраҷӣ гуфт, дар давоми 7 соли гузашта шахсиятҳои номдори ин ду қавм мавриди ҳамла ва сӯиқасд қарор гирифтаанд. Киркук вилояти нафтхези Ироқ дар шимоли кишвар аст, ки дар он миллиятҳои курду араб ва туркман зиндагӣ мекунанд. Аз-Мафраҷӣ-узви Шӯрои сиёсии Араб гуфт, агар СММ ва Иттиҳодияи Аврупо натавонанд дар ин вилоят ба доди арабҳову туркманҳо бирасанд, дар он сурат онҳо аз ҳукумати Ироқ хоҳанд хост, ки барои ҳимоят аз худ ба ин миллиятҳо иҷоза диҳад, ки дастҳои дифоъ аз худ ташкил диҳанд.

XS
SM
MD
LG