Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Сутягин радду бадали ҷосусонро таъйид кард


Вакили мудофеи як донишманди зиндонишудаи ғарбӣ дар Русия гуфтааст, Русия мехоҳад ин донишмандро бо яке аз 10 нафари боздоштшуда дар Амрико радду бадал кунад. Дмитрий Сутягин-бародари Игор Сутягин дар бораи ин радду бадал гуфт:

"Пагоҳ Игор ба Вена ва аз он ҷо ба Лондон фиристода мешавад. Ба ҳамин далел мо наметавонем вайро дар ин вақтҳои наздик бубинем".

Ин донишманд барои ҷосусӣ дар Русия зиндонӣ шудааст. Моҳи гузашта ба гумони ҷосусӣ ба нафъи Русия 10 нафар дар Амрико боздошт шуда буданд. Донишманд Игор Сутягин, ки коршиноси аслиҳаи ҳастаӣ мебошад, соли 2004 барои додани иттилоъоти касбии низомӣ ба як ширкати Британия боздошт ва барои 15 сол маҳкум ба зиндон шуд. Ин ширкати Британия барои СИА ё Дафтари Марказии Иттилоотии Амрико кор мекард. Анна Ставитская-вакили мудофеи Сутягин гуфт, мақомоти Русия мехоҳанд Сутягинро бо яке аз афроде, ки дар Амрико ба ҷосусӣ муттаҳам мешаванд, иваз кунанд. Ба гуфтаи Ставитская, Русия мехоҳад ин радду бадал рӯзи панҷшанбе сурат бигирад. Вай намедонад, ки Русия Сутягинро бо кӣ мехоҳад иваз кунад, вале афзуд, Сутягинро барои радду бадал мехоҳанд ба Британия бифиристанд.
XS
SM
MD
LG