Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадади Тоҷикистон ба нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон


Тоҷикистон дар чаҳорчӯби тавофуқот ва ӯҳдадориҳояш дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ рӯзи 6-уми июл дар ҳаҷми як ҳавопаймои Ан-26 ба нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон кӯмаки ҳарбӣ фиристод. Дафтари матбуоти Вазорати дифои Қирғизистон мегӯяд, ин имдод аз маводи озуқа, сарулибоси ҳарбӣ, пойафзол ва рахтихоб барои сарбозон иборат аст. Ҳанӯз 14-уми июн, чанд рӯз баъд аз вуқӯи хушунатҳои байни қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон, кишварҳои узви паймон -- Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қазоқистон эълом дошта буданд, ки ба узви ин созмон -- Қирғизистон кӯмаки ҳарбӣ ва башардӯстона хоҳанд расонд. Дар натиҷаи ин хушунатҳо дар вилоятҳои Уш ва Ҷалолободи Қирғизистон ба омори расмӣ наздик ба 300 нафар кушта ва ду ҳазор тан захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG