Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурсултон Назарбоев 70-сола шуд


Дар Қазоқистон имрӯз 70 солагии Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури ин кишварро бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. Барои таҷлили зодрӯзи ӯ консерту оташбозиҳои диданӣ ва маросими гуногуни идона пешбинӣ шудааст. Нурсултон Назарбоев аз замони суқути шӯравӣ то кунун, раҳбари Қазоқистон аст ва рӯзе пештар гуфт, “агар сиҳатиаш иҷоза диҳад, як даҳсолаи дигар дар сари қудрат хоҳад монд”. Тайи солҳои раёсати ҷумҳурии ӯ, Қазоқистон бо сарватҳои саршори табииаш ба як кишвари сарватмандтарини шӯравии собиқ табдил ёфт. Аммо Нурсултон Назарбоевро ба хотири саркӯбии дигарандешон, маҳдуд кардани озодии матбуот ва дигар озодиҳои сиёсӣ пайваста танқид мекунанд.
XS
SM
MD
LG