Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, ба ҳавопаймоҳояш маводи сӯхт надодаанд


Як мақоми ширкати миллии ҳавопаймоии Эрон мегӯяд, фурудгоҳҳои Бритониё, Олмон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз додани сӯхт ба ҳавопаймоҳои мусофирбари Эрон худдорӣ мекунанд. Меҳдӣ Алиёрӣ, дабири Иттиҳодияи хутути ҳавоии Эрон ба хабаргузории ИСНА гуфтааст, ки баъди ба иҷро гузоштани таҳримоти тозаи Амрико алайҳи Эрон дар рӯзи панҷшанбеи гузашта худдорӣ аз таҳвили сӯхт ба ҳавопаймоҳои мусофирбари эронӣ шурӯъ шудааст. Санади мазкурро рӯзи панҷшанбе Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико имзо кард. Ба гуфтаи Меҳдӣ Алиёрӣ, то кунун ширкати миллии Эрон Эйр, ва ширкати хусусии Моҳон Эйр ба ин чиз рӯ ба рӯ шудаанд. Аммо мақомоти расмии Бритониё, Олмон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ин иддаъоро рад карданд.
XS
SM
MD
LG