Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Клинтон аз Арманистону Озарбойҷон


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико аз Арманистону Озарбойҷон хост, ки аз хушунат бар сари Кӯҳистони Қаробоғ парҳез кунанд. Ӯ гуфт, Амрико омодаи кӯмак барои ҳалли ин қазия мебошад.

Ҳилларӣ Клинтон пеш аз вурудаш ба Арманистон дар Озарбойҷон буд, то масоили музокироти сулҳ дар мавриди Кӯҳистони Қаробоғ, беҳбуди равобити дуҷониба ва беҳбуди ҳуқуқи инсонро дар ин кишвари саршор аз захираҳои нафт баррасӣ кунад.

"Як хатари бузург"

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар ба Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки кишвараш ба Амрико дар масъалаи кӯмак ба рафъи муноқишаи Қаробоғ кӯмак мекунад, ки 15 сол боз аст, Озарбойҷонро дар муқобили Арманистон қарор додааст. Ӯ гуфт, ин муноқиша бар сари қаламрав, “як хатари бузург” барои амнияти Озарбойҷон мебошад.

Илҳом Алиев пеш аз нишасти паси дарҳои баста бо Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки “хоҳони пайдо кардани ҳарчи зудтари роҳи ҳалли ин муноқиша аст”.

Ҳилларӣ Клинтон эътироф кард, ки масъалаи мазкур барои кишвараш муҳим аст, аммо дар ин бора шарҳе надод. Ҳилларӣ Клинтон баъди мулоқот бо Илҳом Алиев ба шаҳри Ереван омад ва бо Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳури Арманистон низ дар мавриди муноқишаи Кӯҳистони Қаробоғ сӯҳбат кард.

Ӯ баъди ин мулоқот гуфт, “ҳалли муноқиша кори осоне нахоҳад буд, вале он заминаи зарурӣ барои ояндаи амну дурахшони ду кишвар аст.”

Эдуард Налбандиён, вазири умури хориҷаи Арманистон гуфт, шояд рӯзи 16 июл бо ҳамтои озарии худ дар мавриди сарнавишти ояндаи Кӯҳистони Қаробоғ гуфтӯгу кунад. Ин вилояти ҷудоихоҳи умдатан арманинишини Озарбойҷон, баъди суқути шӯравӣ шоҳиди ҷанги хунине шуд, ки 30 ҳазор кушта бар ҷой гузошт ва аз он замон то кунун ба ҳукумати марказии Озарбойҷон итоат намекунад. Касе низ Кӯҳистони Қаробоғро ба ҳайси кишвари мустақил эътироф накардааст. Бо вуҷуди понздаҳ соли миёнҷигарӣ барои рафъи муноқишаи Кӯҳистони Қаробоғ, созиши сулҳ дар ин замина ҳосил нашуд ва Озарбойҷон мегӯяд, омода аст, ин вилоятро аз роҳи низомӣ ба итоати худ дароварад.

15 соли моҷарои Кӯҳистони Қаробоғ

Моҳи гузашта, чаҳор сарбози арманӣ ва як сарбози озарӣ зимни тирандозии дуҷониба дар наздикии Қаробоғи Кӯҳӣ ҳалок шуданд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико зимни сафараш ба Боку ҳамчунин саъй кард, то ҳамкориҳо бо Озарбойҷонро беҳбуд бахшад, ки гуфтааст, Амрико дар қазияи Кӯҳистони Қаробоғ тарафи Арманистонро мегирад ва таҳдид кардааст, ки муносиботаш бо Амрикоро “бозбинӣ” мекунад. Талоши Иёлоти Муттаҳида барои наздикии Арманистону Туркия, шарики таърихии Озарбойҷон, давлати Озарбойҷонро озурда кардааст.

Озарбойҷон, барои нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон ба ҳайси як роҳи хуби икмолотӣ хидмат мекунад ва ҳамчунин як манбаъи хуби нафту газ аст. Сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Боку як ҳафта баъд аз боздиди Роберт Гейтс вазири дифоъи Амрико аз Озарбойҷон сурат гирифт, ки ӯ дар инҷо номаи Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрикоро ба Илҳом Алиев супурд.

Дар ин нома Барак Обама гуфтааст, ӯ бовар дорад, ки Вашингтону Боку, “масоили ҷиддӣ дар муносиботи худро” рафъ хоҳанд кард. Аммо ҳамзамон Ҳилларӣ Клинтон бо истифода аз ин сафар Озарбойҷонро барои нақзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот интиқод кард. Вай зимни суханронӣ дар ҳузури гурӯҳҳои ҷавонон ва намояндагони ҷомеаи маданӣ дар Боку гуфт:

Нигаронии аз вазъи ҳуқуқи башар

Агарчӣ, дар инҷо пешрафти қобили мулоҳизае шудааст, аммо шумо беҳтар аз ман медонед, ки корҳое ҳаст, ки бояд анҷом шавад. Ҳанӯз чолишҳои зиёде мавҷуд аст. Аз ҷумла, раиси ҷумҳур Обама ва ман дар мавриди ду блогнависи ҷавоне номаҳои зиёде гирифтем, ки зиндонӣ шудаанд.

Ин блоггерҳо, Амин Миллӣ ва Аднон Ҳоҷизодаро мақомоти расмӣ моҳи июли соли 2009 баъди кашмакаше дар як ресторани шаҳри Боку дастгир карда ва моҳи ноябр бо гуноҳи авбошӣ ва зарари ҷисмонӣ мутаносибан ба дуввуним ва ду соли зиндон маҳкум карданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ин кори мақомоти расмӣ ниқор барои як видеои нашркардаи ин блогнависон дар интернет будааст, ки дар он сиёсатҳои ҳукумати Озарбойҷон масхара мешавад.
XS
SM
MD
LG