Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, имрӯз вориди Лаҳистон мешавад. Қарор аст, ки ӯ дар шаҳри Краков дар таҷлил аз даҳсолагии таъсиси Иттиҳодияи демократӣ ширкат кунад. Ба ин Иттиҳодия кишварҳое шомиланд, ки ҳадафашон -таҳкими демократия дар ҷаҳон аст. Интизор меравад, ки дар мулоқоти хонум Клинтон бо ҳамтои лаҳистонияш Радослав Сикорский масоили амниятӣ, мушкилоти энерҷӣ ва вазъи Афғонистон баррасӣ шавад. Дирӯз вазири умури хориҷии ИМА дар Киев бо бо мақомоти Украина ва раҳбари мухолифин Юлия Тимошенко дидору гуфтугӯ дошт.
Ҳилларӣ Клинтон аз Лаҳистон ба се кишвари қафқозӣ - Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон сафар мекунад.
Ҳилларӣ Клинтон аз Лаҳистон ба се кишвари қафқозӣ - Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон сафар мекунад.