Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати фасодкорӣ - чаҳор миллиард доллар


Зеркумитаи Конгресси Амрико дар як овоздиҳӣ аз кумакҳои ин кишвар ба Афғонистон чаҳор миллиард долларро кам кард. Қонунгузорони Амрико талаб карданд, ки қазияҳои дуздии кумаки хориҷӣ, ки мақомоти Афғонистон низ як бахши он будаанд, мавриди бозҷӯӣ қарор бигирад.

Гуфта мешавад, ки бо вуҷуди ваъдаи муборизаи густарда бо фасодкорӣ ҳукумати Карзай натавонистааст мақомоти Амрикоро ба ҷиддияти иқдоми худ мутақоид созад.

Зеркумитаи Конгресси Амрико гуфтааст, чаҳор миллиард то замоне нигаҳ дошта хоҳад шуд, ки ҳукумати Амрико ба чигунагии истифодаи кумакҳо дар Афғонистон расидагӣ кунад.

Санҷиш барои мақомоти Кобул

Раҳбари кумита Нита Ловей гуфтааст, то мутмаин нашавад, ки маблағи молиётдиҳандаи Амрико мавриди истифодаи мақомоти фасодкори ҳукуматӣ, “шоҳон”-и маводи мухаддир ва террористҳо нест, як тангаро ба кумак изофа нахоҳад кард. Ӯ гуфт, ба бахши молии ҳукумати Амрико нома навишта, аз онҳо хостааст, ки истифодаи кумакҳо дар се соли ахирро мавриди бозҷӯӣ қарор бидиҳанд.

Гуфта мешавад, ки тарҳи чаҳор миллиард аз маблағи умумии кумаки Амрико ба Афғонистон ба бахши низомӣ ва кумакҳои башардӯстона таъсир надорад, аммо проектҳои бунёди зербинои ин кишвар асар хоҳад кард. Конгрессмени амрикоӣ Марк Кирк аз он нигаронӣ кардааст, ки ин тасмим метавонад ба лоиҳаи муҳиме, мисли таъмини Қандаҳор бо нирӯи барқ, ки омили муҳими ба даст овардани эътимоди мардуми маҳаллӣ буд, таъсир гузорад.

Буҷаи Амрико дар соли 2011 барои кумакҳои башарӣ дар саросари ҷаҳон 52 миллард доллар тахсис медиҳад.

Дуздии 3 миллиард доллари кумак

Коҳиши кумак ба Афғонистон шадидтарин вокунишест, ки қонунгузорони Амрико дар баробари фасодкорӣ дар Афғонистон нишон додаанд.

Нашрияи "Washington Post" дар яке аз гузоришҳои ахири худ рӯзи душанбе навишт, ки мақомоти баландпояи Афғонистон борҳо бозҷӯии қазияҳои фасодкории афроди сиёсиро баҳам зада ва дар интиқоли миллионҳо доллар аз ҷониби хубрагон ба хориҷи кишвар мусоидат кардаанд. Дар ҳамин ҳол нашрияи дигар - "Wall Street Journal" гуфт, ки дар солҳои ахир беш аз се миллиард, бо шумули маблағҳои имдодии Иёлоти Муттаҳида, аз Афғонистон берун бурда шуд.

Гуфта мешавад, ки амалкарди ахири қонунгузорони Амрико фишорҳоро бар Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ва Ҳомид Карзай, раисиҷумури Афғонистон, афзоиш хоҳад дод, ки мубориза бо фасодкорӣ дар Афғонистонро ҷиддӣ бигиранд, ё дар заминаи кумакҳои барбодрафта ба хашми ҷомеаи Амрико рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Баҳси мушкили фасод дар Кобул

Конгресси Амрико дар ҳоле масъалаи коҳиши кумак ба Афғонистонро баррасӣ кард, ки Эрик Ҳолдер, додситони кулли Иёлоти Муттаҳида зимни сафар ба Кобул ин мавзӯъро бо президент Карзай ба баҳс кашид.

Ҳолдер дар Кобул ба хабарнигорон гуфт: "Мо бо алоқаи зиёд аз Вашингтон ба иқдомоти мусбати президент Карзай менигаристем, ба ҳукумати ӯ, ки барои волоияти қонун тадобир меандешид. Мо ба ифтихори президент Карзай, ба хотири иқдомоташ каф мезадем ва ӯро ташвиқ мекардем, ки талошҳояшро идома диҳад. Зеро корҳои зиёд бояд анҷом мегирифт".

Мақомоти Амрико борҳо аз Карзай даъват кардаанд, ки мубориза алайҳи фасодкорӣ ва қочоқи маводи мухаддирро аз бартариҳои даври дуввуми раёсати худ унвон кунад. Зеро ин ҳарду Толибонро нирӯманд мекунад. Карзай низ қавл дода буд, ки фасодро решакан ва тавони гурӯҳҳои бозрасиро афзунтар мекунад. Аммо гузоришҳои ахири матбуотӣ ҳокӣ аз он аст, ки дар самти муборизаи воқеӣ бо фасод камтарин талош ба харҷ рафтааст.

Кумак ба Афғонистон, ё ба Толибон?

Барои намуна "Washington post" бо нақли қавл аз як мақоми баландпояи Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки гурӯҳҳои мушаххас аз муҳофизати қавӣ бархурдоранд. Ин мақом ба нашрия гуфтааст, ки ба додситонҳо ва бозрасҳо амр шудааст, ки исми мақомоти баландпояро аз рӯйхати афроди мавриди боздошт берун кунанд.

Ташвишҳои дигаре низ мавҷуданд, ки бахше аз кумакҳои имдодӣ ба Афғонистон мустақиман ба ҷайби Толибон мерасад. Ба сурати умум фасодкорӣ дар Афғонистон мақомотро сарватманду нирӯманд мекунад, вале ҳамзамон мардуми одиро заифтар ва эътимоди онҳо ба волоияти қонунро барбод медиҳад.
XS
SM
MD
LG