Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон бо Виктор Иванов мулоқот кард


Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Виктор Иванов, раҳбари Хадамоти федеролии назорат бар маводи мухаддири Русияро ба ҳузур пазируфт. Дар ин мулоқот масоили марбут ба мубориза бо парваришу қочоқи маводи мухаддир ва ҳамоҳангсозии талошҳои ду ҷониб дар ин мавзӯъ баррасӣ гардид. Виктор Иванов аз ин пеш гуфта буд, ки марзбонони Русия бояд дубора ҳимояти марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро бар ӯҳда бигиранд.
Виктор Иванов брои ширкат дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангсози ниҳодҳои вориди мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба Душанбе омадааст. Ин нишаст фардо, 2-юми июл, баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG