Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамаи фирориён ба Қирғизистон баргаштаанд


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ҳамаи онҳое, ки дар натиҷаи хушунатҳои байниқавмӣ дар вилоятҳои Уш ва Ҷалолободи ин кишвар ба Узбакистон фирор карда буданд, ба Қирғизистон баргаштанд. Ин хабарро ҳамчунин сухангӯи Кумиссарияти олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон Наталия Прокопчук низ тасдиқ кард. Хонуми Прокопчук мегӯяд, ки "то охирин рӯзи баста шудани урдугоҳҳо вай дар Андиҷон будааст. Мо пайваста аз ҳамаи урдугоҳҳо дидан мекардем ва ягон мавриди маҷбуркунии ҷисмонӣ ё базӯрӣ рондани гурезаҳоро надидем. Вале ба ҳар ҳол, албатта, як фишор ва таъсири муайяне будааст, ки фирориёнро ба бозгашт ба хонаашон водор кардааст." Наздик ба 100 ҳазор нафар аз 400 ҳазор нафари беҷошуда дар рӯйдодҳои ҷануби Қирғизистон ба қаламрави Узбакистон гузашта буданд.
XS
SM
MD
LG