Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус мегӯяд, Русия ба қарздорияш иқрор кард


Беларус мегӯяд, Русия ба қарздории худ аз интиқоли газ иқрор кардааст. Ноиби аввали сарвазири Беларус, Владзимер Сямашка гуфт, ширкати давлатии "Газпром"-и Русия ба гардан гирифт, ки аз Беларус 32 миллион доллар қарздор аст. Қаблан тарафи Русия мавҷудияти чунин қарзро рад мекард. Баҳси байни ду тараф сабаби коҳиши интиқоли гази Русия ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гашта буд.
XS
SM
MD
LG