Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон ҷӯёи як миллиард доллар қарзи Чин


Ҳукумати Арманистон дар талоши дарёфти 1 миллиард доллар қарз аз Чин барои бунёди як роҳи оҳан ба Эрон будааст. Манук Вартаниён, вазири нақлиёт гуфт, мақомоти Арманистон барои сармоягузории ин тарҳи бузург, бо ниҳодҳои молии Эрону Чин ва Русия гуфтӯгу кардаанд. Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки Чин 1 миллиард доллари лозим барои бунёди роҳи оҳанро ихтисос хоҳад дод. Арманистон мегӯяд, бунёди роҳи оҳани 470 километрӣ барои рушди тиҷорат дар минтақа аҳамияти беандоза дорад. Эрону Арманистон баъди музокироти тӯлонӣ соли 2009 барои сохтмони роҳи оҳани мазкур мувофиқат кардаанд.
XS
SM
MD
LG