Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дархости сарвазир Оқиловро баррасӣ мекунад


Мақомоти Русия тасмим гирифтаанд, дархости ҳукумати Тоҷикистонро дар бобати лағви боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ баррасӣ кунанд. Чунин дархост аз тарафи сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар номае ба унвони ҳамтои русаш Владимир Путин ба миён гузошта шудааст. Путин ба ноиби худ Игор Сечин дастур дод, хоҳиши мақомоти Тоҷикистон баррасӣ шавад. Ҷорӣ шудани пардохти гумрукии судури фуровардаҳои нафтии Русия аз аввали моҳи июн сабаби афзоиши нархи бензин ва дигар маводи сӯхт дар Тоҷикистон шуд. Азбаски ними бозори ин маводро ширкати русии "Газпромнефт" дар даст дошта, ин маҳсулот асосан аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, боҷи Русия ба нархи бензин дар Тоҷикистон таъсири зиёд дорад.
XS
SM
MD
LG