Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Лавров аз Амрико дар бораи ҷосусони рус


Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, кишвараш интизор аст, ки Амрико дар бораи боздошти як ҳалқаи ҷосусии Русия дар Амрико тавзеҳот диҳад. Лавров дар ҷараёни боздидаш аз Исроил бо нешханд гуфт, барои боздошт вақти хеле ҳассос интихоб кардаанд. Эф Би Ай ё Дафтари Федеролии Бозрасии Амрико рӯзи душанбе гуфт, 10 нафарро боздошт кардааст. Иддао мешавад , ки ин 10 нафар бештар аз як даҳсола ба нафъи Русия ҷосусӣ мекардаанд. Онҳо худро шаҳрванди маъмулӣ вонамуд кардаанд ва талош доштаанд, ки ба доираҳои сиёсатмадорони Амрико роҳ ёбанд, дар бораи аслиҳаи Амрико, стротегияи дипломатии он ва дар бораи равандҳои сиёсӣ маълумот ба даст оранд. Гумонбари ёздаҳум мардест, ки барои фиристодани пул ба агентҳо муттаҳам дониста ва ҳоло ҷустуҷӯ мешавад. Дафтари Федеролии Бозрасии Амрико мегӯяд, як паёми Хадамоти кашфи хориҷии Русияро ба ду нафар аз боздоштшудагон дастгир кардааст. Дар он гуфта мешавад, ки вазифаи аслии аганетҳо "ҷустуҷӯи роҳҳо ва ҳарчӣ бештар ворид шудани онҳо ба доираҳои сиёсатсозони Амрикост".
XS
SM
MD
LG