Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Ҷӣ-8 Кореяи Шимолӣ ва Эронро маҳкум карданд


Имрӯз раҳбарони 8 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон ё Ҷи-8 Кореяи Шимолиро барои эҳтимолан ғарқ кардани киштии ҷангии Кореяи Ҷанубӣ маҳкум карданд ва аз Эрон хостанд, ки барои эҳтиром бар ҳуқуқи башар корҳои бештаре анҷом диҳад. Дар пешнависи як эъломия раҳбарони Амрикову Британия, Фаронсаву Олмон, Италияву Канада ва Ҷопону Русия аз Эрон ҳамчунин даъват карданд, ки дар бораи барномаҳои зиддунақизи ҳастаиаш "музокироти шаффоф" анҷом диҳад. Ҳу Ҷинтао-раиси ҷумҳури Чин гуфт, кишвари вай мехоҳад бо Амрико муносиботи наздиктар дошта бошад. Ҳу Ҷинтао дар ҳошияи мулоқот ба рӯзноманигорон гуфт, ки "дар муносибот бо Амрико пешрафти воқеӣ ба даст омадааст".
XS
SM
MD
LG