Барои ширкат дар референдум 2 миллиону 735 хазор нафар сабти ном шудаанд. Барои онҳо 2280 ҳавзаи раъйдиҳй омода шудааст.
Ба гуфтаи раиси комиссияи интихобот ва баргузории референдуми Қиргизистон Акилбек Сариев, ба далели ҳодисаҳои Уш ва Ҷалолобод аз 30 дарсади раъйдиҳандагон сарфи назар шудааст.
Баъди дидор аз чанд ҳавзаи раъйдиҳй дар шаҳри Бишкек маълум шуд, ки сокинони ин шаҳр ба референдум бетафовут нестанд ва мехоҳанд, ки дар кишварашон ҳарчй зудтар субботу амният барқарор шавад.
Ба гуфтаи Акилбек Сариев, маълумоти аввалия дар мавриди ширкати раъйдиҳандагон интизорот аз натиҷаҳои ин раъйдиҳиро бароварда хохад сохт.
Раванди назарпурсӣ дар Қирғизистонро 189 нозири байналмилалй назорат мекунад.
Отунбаева: Референдум наҷоти Қирғизистон аст
Роза Отунбоева, раисиҷумҳури давраи гузариш ва раиси ҳукумати муваққати Қиргизистон имрӯз ба Уш сафар карда ва дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ раъй дод.
Ба гуфтаи Роза Отунбоева, имрӯз Қирғизистон дар вартаи нестӣ қарор дорад ва натиҷаҳои референдум собит хоҳад сохт, ки мардум ва кишвар бо ҳам ҳастанд ва онҳо аз ин варта Қирғизистонро наҷот хоҳанд дод.
Дар ҳамин ҳол дар вилояти Ботканд то соати 9.00 беш аз даҳ дарсад ва дар минтақаҳои дигари ин кишвар низ ба ин микдор раъйдиҳандагон ба пояи қуттиҳои раъйдиҳй ҳозир шудаанд.
Бозгашти паноҳандагон
Ба манзури таъмини оромӣ ҳангоми референдум чораҳои амниятӣ пиёда шудаанд. Гуфта мешавад, ки 75 ҳазор паноҳандагон аз марзи Узбакистон ба Қиргизистон бозгаштаанд ва дар маъракаи раъйдиҳй ширкат хоҳанд кард.
Татяна Гфеллер, сафири ИМА дар Бишкек, гуфт, ки кишвараш омода аст ба хотири барқарорсозии шаҳрҳои Уш ва Ҷалолобод дасти кумак дароз кунад. Дар ҳамин ҳол ин кишвар ба Қирғизистон 53 миллион доллар воми кумак додааст. Ба гуфтаи Татяна Гфеллер, Амрико боз 32 миллион доллар кумакҳои фаврӣ ба ин кишвар хоҳад расонд.
Аммо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба далели ташаннуҷи вазъ 300 нозири худро аз Бишкек пас хондааст.