Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози донишҷӯёни рус дар баробари Думаи Давлатӣ


Ҳудуди 30 намояндаи Иттиҳодияи донишҷӯёни Русия рӯзи панҷшанбе дар баробари порлумони Русия ҷамъ омада ва хостори ислоҳи қонуне шуданд, ки дар таҳсил ба онҳо ихтиёроти бештар медиҳад. Николай Казантсев, намоянда аз шаҳри Санкт Петербург гуфт, ҳадафи донишҷӯёни рус дарёфти ихтиёроте аст, ки донишҷӯёни бисёре аз кишварҳои аврупоӣ доранд. Донишҷӯёни рус аз ночиз будани стипедния, нақзи ҳуқуқашон аз тарафи омӯзгорон ва мақомоти донишгоҳ норизо будаанд. Чунин тазоҳуроти донишҷӯён чанде пеш дар Амрикову Аврупо ва Украина баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG