Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Медведев дар Вошингтон гуфтушунид карданд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА ҳамтои русаш Дмитрий Медведевро “ҳампаймони боэътимод” номид. Сарони ду кишвар баъд аз анҷоми музокирот дар Вошингтон нишасти хабарии муштарак доир карданд. Дар ин нишаст Обама ба таҳкими равобити миёни Амрикову Русияв дар чанд моҳи ахир ишора кард ва ҳамзамон гуфт, ки Маскаву Вошингтон дар чанд мавзӯъ, аз ҷумла, дар робита ба авзоъ дар Гурҷистон, ихтилофи назар доранд.
Ба гуфтаи сарвари ИМА, кишвараш ва Русия барои ҳамоҳанг сохтани кумаки башарӣ барои Қирғизистон созиш ҳосил кардаанд. Обама афзуд, ки ИМА ва Русия тасмим гирифтанд, ки ҳамкорӣ дар бахши иттилооту кашф ва мубориза бо терроризмро тақвият бахшанд. Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки Вошингтон ва Маскав ба гуфтушунидҳо оид ба вуруди Русия ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат суръат мебахшанд.
XS
SM
MD
LG