Дар Қарабоғи кӯҳӣ миёни сарбозони озариву арманӣ тирпарронӣ сурат гирифт. Дар ин бора бахши армании Радиои Озодӣ хабар дод. Хабаргузориҳо бо такя ба вазорати дифоъи Озарбойҷон навиштанд, ки бар асари ҳамлаи арманиҳо ба қароргоҳи артиши Озарбойҷон дар минтақаи Физулӣ, воқеъ дар ҷанубу шарқи Қарабоғи кӯҳӣ, як сарбози кишвар ба ҳалокат расидааст. Низомиёни арманитабори Қарабоғи кӯҳӣ ин иттилоъро рад карданд ва гуфтанд, ки дар ин минтақа ягон кас кушта нашудааст. Бори ахир дар бораи тирпарронӣ миёни арманиҳову озариҳо дар Қарабоғи кӯҳӣ поёни ҳафтаи гузашта хабар расида буд.