Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири энерҷии Ироқ ба истеъфо рафт


Вазири энерҷии Ироқ ба думболи намоишҳои эътирозӣ алайҳи бебарқӣ дар ҷануби кишвар ба истеъфо рафт. Ба иттилоъи хабаргузории Рейтер, Карим Воҳид дар як сӯҳбат аз тариқи телевизиони миллӣ изҳор намуд, ки баъд аз ҳафт соли вуруди амрикоиҳо ба Ироқ ҳам мақомоти кишвар аз ваколати зарурӣ бархурдор нестанд.
Дирӯз садҳо нафар дар шаҳри Ан-Носирия алайҳи бебарқӣ эътироз карданд ва хостори истеъфои вазири энерҷӣ шуданд. Ҳамоиш ба задухӯрд бо полис печид ва эътирозгарон сӯи кормандони полис санг андохтанд. Дар ин ҳодиса 17 корманди ҳифзи тартибот маҷрӯҳ шудаанд.
Аз ин пеш мақомоти Ироқ дар бебарқӣ дар ҷануби кишвар мақомоти Эронро айбдор карда буданд.
XS
SM
MD
LG