Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду кушта ва 17 нафар захмӣ дар Ӯш


Мақомоти шаҳри Ӯши Қирғизистон мегӯянд, дар як рейд ба маҳаллаи узбакнишини шаҳр ду нафар кушта ва 17 тани дигар захмӣ шудаанд. Сухангӯи милиса гуфт, як нафар дар ҳоле кушта шуд, ки сарбозон ҳадафи оташ қарор гирифтанд.

Нафари дувум, ки захмӣ гашта буд, дар роҳ ба бемористон ҷон дод.

Ӯш маркази даргириҳои марговар миёни қирғиз ва узбакҳост, ки дар онҳо ба камияш 208 кушта ба ҷой гузошт ва 400 ҳазор нафар фирорӣ шудаву 100 ҳазор нафари онҳо дар Узбакистони ҳамсоя паноҳ ёфтааст.

Хабарнигори Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Брюс Паннир, ки имрӯз аз минтақаи Наримон дидан кард, мегӯяд, ҷасади як мардро дидааст, ки ба гуфтаи шоҳидон бар асари латукӯби сарброзон фавтидааст:

"Мо ба дохили маҳалла рафтем, як даста наврасон, бархе калонсолон, зоҳиран латукӯб шудаанд. Бо қундоқи силоҳ ё чизҳои дигар латукӯб ва захмӣ шуданд. Онҳо моро ба ҳавлие ҳидоят карданд. Дар он ҷо рӯи фарш мурдае афтодааст. Онҳо рӯмолро аз болояш гирифтанд, то мо рӯяшро бубинем. Вай марди ҷавоне набуд, эҳтимолан ягон 50-сола. Гуфтанд, ӯро сарбозон ба ин ҳол афкандаанд."

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, сарбозон барои тафтиши аснод ва кашфи анбори аслиҳа ба минтақа ворид шудаанд.

Сафари Отунбаева ба вилояти ҷангзадаи Ҷалолобод


Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, рӯзи душанбе ба вилояти хушунатзадаи Ҷалолобод сафар кард, то аз аҳволи маҷрӯҳони ҳодисаҳои ахир хабар бигирад.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати муваққат, Роза Отунбоева ҳамчунин аз ноҳияи Бозорқӯрғони ин вилоят боздид хоҳад кард, ки қирғизҳову ӯзбакҳо ба сар мебаранд. Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол ҳазорҳо сокини ин ноҳия дар Ӯзбакистон паноҳ бурдаанд ва дар ин шабонарӯзи ахир боз ҳазорҳо нафари дигар мунтазири иҷоза барои убури марзи Ӯзбакистон ҳастанд.

Ба гуфтаи пизишкон, дар манотиқи ҷангзада аллакай хуруҷи бемориҳои мухталиф сар задааст ва атфол ва кӯдакони зиёд ба бемории дизентерия ё дарунравӣ мубтало шудаанд.

Тибқи хабарҳои расида, вазъият дар вилояти Ҷалолобод нисбат ба шаҳри Ӯш беҳбуд ёфтааст ва як қатор мағозаву дӯконҳо дубора фаъол шудаанд.

In Osh, Kyrgyz Seek Missing Family Members
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:49 0:00
Линки мустақим


Вазъ дар Ӯш ноором боқӣ мемонад

Аммо бино ба хабарҳо, авзоъ дар вилояти Ӯш ҳамоно ба ташаннуҷ рӯбарӯст. Ин дар ҳолест, ки бо амри мақомоти шаҳр баррикадаҳои байни маҳаллаҳои ӯзбакнишин аз байн бардошта шудаанд ва кормандони умури дохилӣ шаҳрро таҳти назорат қарор додаанд.

Омурбек Сувоналиев, сардори раёсати умури дохилии вилояти Ӯш, рӯзи душанбе аз мақомаш истеъфо дод. Ба таъкиди генерал, вай бо дарки вазъи воқеӣ дар ҷануби кишвараш аз мақомаш истеъфо дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки минтақаи ҷануб ба кормандони умури дохила ҷиҳати таъмини субот ниёз дорад, бо баргузории референдум онҳо ба ҳифзи қуттиҳоли раъйдиҳӣ сафарбар хоҳанд шуд. Вай эътимод надорад, ки рӯзи референдум амнияти мардуми Ӯш таъмин хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол шумори расмии кушташудагони ҳодисаҳои ду ҳафтаи ахир ба 208 нафар расидааст ва беш аз дуввуним ҳазор ҷароҳат бардоштаанд. Вале Роза Отунбоева, раисиҷумҳурии давраи гузариш, гуфт, шумори қурбониён даҳ карат бештар аст.

Толекан Исмоилова, раиси созмони ҷамъиятии «Шаҳрвандон алайҳи ришватхорӣ», гуфт, баъди вуруди нерӯҳои интизомӣ ба деҳаи Наримани вилояти Ӯш ба манзури поккорӣ аз ашхоси номатлуб ду сокини ин деҳа кушта шудаанд.

Ба ақидаи Толекан Исмоилова, ин амалиёт ба ҷои аз байн бурдани низоъ вазъиятро беш аз пеш ба ташаннуҷи ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад кард. Вай тақозо намуд, ки низомиён фишор болои мардуми осударо хотима диҳанд.

Сангарҳоро барчиданд

Давлати Қирғизистон вазъи фавқулода дар ҷануби кишварро то як ҳафтаи дигар тамдид кард. Дар айни ҳол нерӯҳои Қирғизистон ба барчидани сангарҳои худсохт дар кӯчаҳои Ӯш идома медиҳанд. Ин сангарҳоро ӯзбакҳо барои ҳифзи маҳаллаҳои худ аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ бардоштаанд.

Низоми вазъи фавқуллода, ки баъди бархостани низоъҳои хунини қавмӣ дар шаҳри Ӯш ва атрофи он дар нӯҳ рӯзи пеш эълом шуд, имрӯз ба поён мерасид. Роза Отунбоева, раиси давлати муваққат мегӯяд, дар низоъҳо дасти кам 2000 нафар ҳалок шудаанд.

Брюс Паннир, хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар шаҳри Ӯш қарор дорад, мегӯяд, тамдиди низоми вазъи фавқуллода, суолҳоро дар мавриди раъйпурсии умумӣ дар мавриди қабули тарҳи Қонуни Асосии нав барангехтааст, ки қарор аст, рӯзи 27 июн баргузор шавад.

Ош после беспорядков
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:52 0:00


Тарҳи нави Қонуни асосӣ - аз президентӣ ба порлумонӣ

Бар асоси тарҳи нав, Қирғизистон аз низоми раёсати ҷумҳурӣ ба низоми порлумонӣ хоҳад гузашт ва раиси ҷумҳур ҳам салоҳиятҳои зиёде нахоҳад дошт.

Брюс Паннир, мегӯяд, чун Қонуни нави асосӣ бисёр муҳим аст, аз ин рӯ ҳукумат мехоҳад, низоми вазъи фавқуллодаро 48 соат пеш аз раъйпурсӣ лағв кунад. Аммо бо ин вуҷуд ба гуфтаи ӯ теъдоди қобили мулоҳизаи мардум наметавонанд ба раъйдиҳӣ бираванд.

"Агар онҳо низоми вазъи фавқуллодаро тамдид кунанд, бояд раъйпурсиро низ ба таъхир андозанд. Бахши зиёде аз аҳолӣ зоҳиран дар интихобот ширкат карда наметавонад. Ман медонам, ки дар Бишкек, баъзе аз мақомоти расмӣ, хостори таъхир дар баргузории раъйпурсӣ шудаанд, аммо ба назар мерасад, ки Роза Отунбоева раиси давлати муваққат азм дорад, то раъйпурсӣ дар рӯзи 27 июн баргузор шавад".

Рӯзи якшанбе мақомоти интизомии Қирғизистон баъди хотимаи зарбулаҷали Мелисбек Мирзоаҳмадов мири шаҳри Ӯш барои барчидани тамоми сангарҳои худсохт аз кӯчаҳои шаҳр, сарбозон ба барчидани ин сангарҳо шурӯъ карданд.

Ба гуфтаи Брюс Паннир ӯзбакҳо ҳарос доранд, ки бо барчидани сангарҳо издиҳоми қирғизҳои хашмгин дигарбора ба маҳаллаҳои онҳо ворид мешаванд. Айни замон гузориш мерасад, ки худи ӯзбакҳо ба нерӯҳои қирғиз барои барчидани сангарҳо кӯмак мекунанд.

Оё узбакҳо дар раъйгирӣ ширкат мекунанд?

Ба гуфтаи Брюс Паннир, агар ӯзбакҳо, ки дар атрофи маҳаллаҳои маскунии худ дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод сангар бардоштаанд, дар раъйпурсиирӯзи 27 -уми июн ширкат накунанд, машрӯъияти ин корзори муҳими сиёсӣ зери суол меравад.

"Бо он ки ӯзбактаборон дар Ҷалолободу Ӯш, худро бо сангарҳо ҳифз мекунанд, ман бовар надорам, ки онҳо ба раъйпурсӣ бираванд. Ва албатта агар онҳо ба раъйпурсӣ нараванд, пас онро ба сахтӣ метавон раъйпурсии машрӯъ донист. Канор гузоштани ин мардум аз ин гуна чорабинии муҳим, иштибоҳи бузург мебуд. Бо тамоми касоне, ки ман дар маҳаллаҳои ӯзбакнишин сӯҳбат карда мегуфтанд, ки дар ҳукумат ҳеҷ намоянда надоранд, тамоми сарбозон ва тамоми кормандони пулис қирғизҳоянд. Агар раъйпурсӣ баргузор шавад ва баъдан агар чизе ба ӯзбакҳо писанд наояд, онҳо хоҳанд гуфт, ки ин “қонуни асосии мо нест, ин қонуни асосии қирғизҳост”.

Рӯзи шанбе, Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи Амрико баъди мулоқоташ бо Роза Отунбоева, раиси давлати муваққат хост, то омилҳои низоъ аз тарафи ниҳоди байналмилалии бетараф таҳқиқ шавад.

Ӯ афзуд, ки Амрико барои оворагон ва ба эътидол овардани авзоъ дар ҷануби Қирғизистон 38 миллион доллар кӯмак хоҳад кард. Дар айни ҳол маъмурони имдодӣ дар ҳар ду тарафи марз талош доранд, ба оворагони мӯҳтоҷ дар марзи Қирғизистону Ӯзбакистон кӯмак кунад.

Ба гуфтаи Созмони Милал, бар асари низоъҳои қавмӣ 300 ҳазор нафар дар дохили Қирғизистон овора шуда ва 100 ҳазор нафари дигар ба Ӯзбакистон гурехтаанд.
XS
SM
MD
LG